3 самти муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ муайян шуд

16-уми сентябр дар Сеул нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид. Ин нишаст барои ҳамкориҳое, ки қариб ду даҳсола дар сатҳи муовинони вазир ва баъдан вазирони корҳои хориҷӣ идома доштанд, марҳалаи нав боз кард. Ҳамчунин, дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон мулоқотҳои сатҳи баланд анҷом шуда, шартномаҳои нав ба имзо расиданд.  

I. «Осиёи Марказӣ – Корея»

Аз вазирони корҳои хориҷӣ ба сатҳи сарони кишварҳо

Қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» таърихи қариб 20-сола дорад. Нахустин Форуми ҳамкорӣ соли 2007 бо ташаббуси Сеул дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ таъсис ёфт. Соли 2017 барои таъмини фаъолияти доимии он дар назди Бунёди Корея Котиботи махсус таъсис дода шуд ва соли 2020 форум ба сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ бароварда шуд.

Ҳамоиши 16-уми сентябр ин равандро ба сатҳи сарони давлатҳо расонд.

Чаро маҳз ҳоло?

Посухро бояд дар тағйири аҳаммияти геоиқтисодии Осиёи Марказӣ ҷуст. Панҷ кишвари минтақа дар маҷмӯъ тақрибан 80 миллион аҳолӣ доранд, аз захираҳои бузурги энергетикӣ ва маъданӣ бархӯрдоранд ва дар масири пайвасткунандаи Осиёи Шарқӣ бо Аврупо ҷой гирифтаанд. Ҳукумати Корея низ Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи муҳим барои маъданҳои стратегӣ, энергетика, занҷираҳои таъминот ва долонҳои нақлиётӣ арзёбӣ мекунад.

Тибқи таҳлили Институти сиёсати байналмилалии иқтисодии Корея, ҳаҷми умумии тиҷорати Ҷумҳурии Корея бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ соли 2025 бори аввал аз 10 миллиард доллар гузашт. Дар пасманзари ҷанги Русияву Украина, мушкилоти занҷираҳои ҷаҳонии таъминот ва рақобат барои маъданҳои муҳим ИМА, Чин, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон низ ҳамкориҳои худро бо Осиёи Марказӣ дар қолабҳои бисёрҷониба фаъолтар кардаанд.

Аз ин рӯ, Сеул мехоҳад дар минтақа на танҳо ҳамчун таъминкунандаи технология ва сармоя, балки ҳамчун шарики дарозмуддат ҷойгоҳи худро мустаҳкам кунад.

Шукуфоӣ ва пайвастагӣ

Нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Кореяи Ҷанубӣ таҳти мавзуи “Тақвияти инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” баргузор шуд. Ҳукумати Корея пеш аз нишаст эълон карда буд, ки меҳварҳои асосӣ маъданҳои муҳим ва энергетика, амнияти занҷираҳои таъминот, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва робитаҳои инсонӣ хоҳанд буд.

Дар анҷоми ҳамоиш «Эъломияи Сеул» қабул гардид. Ҳамчунин санади ҳамкорӣ дар бахши саноат ва занҷираҳои таъминот ва ташаббуси шарикии Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология ба имзо расид.

Дар суханронии худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби дигари рӯзномаи минтақа, яъне обу иқлим таваҷҷуҳ кард. Ӯ тағйирёбии иқлим, камбудии оби тоза ва обшавии пиряхҳоро аз мушкилоте номид, ки бе ҳамкории кишварҳо ҳал шуданашон душвор аст.

Тоҷикистон ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва эҷоди занҷираҳои устувори таъминот миёни Осиёи Марказӣ ва Корея низ изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

II. Сафари расмии Президент

Имзои 15 санад

Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябр бо сафари расмӣ вориди Сеул шуд. Рӯзи 16-уми сентябр ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мён ва Сарвазири ин кишвар Ҳан Сон Сук мулоқот кард. Дар музокироти сатҳи олӣ доираи хеле васеи масъалаҳо – шуруъ аз тиҷорату сармоягузорӣ, саноат ва энергетика то нақлиёт, логистика, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, муҳоҷирати корӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Натиҷаи сафари Президент имзои 15 санади нави ҳамкорӣ буд.

Онҳо ҳамкории гумрукӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, маориф, мубориза бо коррупсия, мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба маблағгузории терроризм, саноат, роҳи оҳан, омодасозии кадрҳои нақлиётӣ, ҷангал ва иқлим, содирот, энергетика, хизмати давлатӣ ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро дар бар мегиранд.

Се нуктаи муҳим

Аз назари иқтисодӣ чанд санад махсусан муҳим мебошанд.

1. Ёддошти Тоҷикистон бо KOTRA – Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея. Дар музокироти президентҳо масъалаи кушодани намояндагии KOTRA дар Тоҷикистон низ ҷонибдорӣ шудааст. Ҳузури доимии чунин ниҳод метавонад барои пайдо кардани сармоягузор, муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон ва барқарор намудани робитаи мустақим байни ширкатҳо аҳаммияти бештар аз як ёддошти маъмулӣ дошта бошад. Зеро дар савдои ду кишвар ҳоло номутаносибии хеле калон вуҷуд дорад. Дар ҳафт моҳи соли 2026 Тоҷикистон аз Корея беш аз 144 миллион доллар мол ворид кардааст, аммо тибқи омори нашршуда дар ҳамин давра содирот ба Корея ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, вазифаи оянда танҳо афзоиши гардиши мол нест, балки пайдо кардани молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистон барои бозори Корея мебошад.

2. Таваҷҷуҳ ба маъданҳои муҳим. Моҳи август нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор шуд ва зимни сафари кунунӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳи вежа зоҳир шуд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон бо ширкати кореягии SK Specialty масъалаи ташкили занҷираи истеҳсоли волфрам аз истихроҷ то маҳсулоти саноатиро баррасӣ кардааст. Ин ширкат волфрамро барои бахшҳои баландтехнологӣ, аз ҷумла саноати нимноқилҳо истифода мебарад. Барои Тоҷикистон арзиши чунин ҳамкорӣ танҳо дар содироти маъдан нест. Агар модели «аз истихроҷ то истеҳсол» амалӣ шавад, масъала ба коркарди дохилӣ, интиқоли технология ва таъсиси ҷойҳои корӣ мегузарад.

3. Ҳамкорӣ дар бахши энергетика. Ёддошти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) заминаи ҳуқуқии ҳамкории мустақимро васеъ мекунад. Барои кишваре, ки ният дорад иқтидори гидроэнергетикии худро афзоиш диҳад ва содироти нерӯи «сабз»-ро густариш диҳад, дастрасӣ ба таҷрибаи технологӣ ва сармояи Корея аҳаммияти амалӣ дорад.

Аз донишҷӯ то муҳоҷир

Дар доираи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин ба чанд масъалаи дигари муҳим ишора шуд. Аз ҷумла ба парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Сеул. Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки байни Тоҷикистону Корея хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ шавад. Ҳоло набудани чунин парвоз рафтуомади сайёҳон, донишҷӯён, соҳибкорон ва коргаронро мушкил мекунад.

Масъалаи дигар таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Корея аст. Президенти кишвар хостори афзоиши бурсияҳои Корея барои донишҷӯёни тоҷик, махсусан дар соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ шудааст.  

Ва масъалаи бисёр муҳиме, ки президенти Тоҷикистон ба он ишора кард, масъалаи муҳоҷирати корӣ мебошад. Дар мулоқот бо Сарвазири Корея масъалаи васеъ намудани муҳоҷирати меҳнатӣ ва содагардонии ин раванд матраҳ шуд. Дар нимаи аввали соли 2026 беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай бо тартиби муташаккилона барои кор ба Корея рафта буданд. 

Умед ба оянда

Нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» нишон дод, ки Сеул мехоҳад ҳузури худро дар минтақа фаъолтар кунад. Вале кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон то куҷо ба чунин як ҳамкории бисёрсамта омодаанд, инро вақт нишон медиҳад. 

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *