Президенти Тоҷикистон дар Донишгоҳи Корея бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардид

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи Корея  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ додааст.

Сарвари давлат ба роҳбарият ва Шурои илмии донишгоҳ барои ин қадрдонӣ изҳори сипос карда, онро нишонаи таваҷҷуҳи ду кишвар ба рушди муносибатҳои дӯстона ва арзишҳои муштараки илмиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон аз нақши илму маърифат дар тамаддуни тоҷикон ёдовар шуда, доир ба рушди соҳаи маориф дар солҳои истиқлол маълумот доданд. Таъкид гардид, ки дар 35 соли истиқлол шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз 13 ба 51 ва теъдоди донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 230 ҳазор нафар расидааст.

Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Дар Ҷумҳурии Корея беш аз 350 донишҷӯи тоҷик, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, ба омӯзиши илму касбҳои муосир машғуланд

Дар анҷом Президенти кишвар бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсил мекунанд, суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи самараноки имкониятҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *