Чеҳраи барҷастаи театри тоҷик (видео)
17 сентябр ба 78-солагии зодрӯзи яке аз чеҳраҳои барҷастаи театри тоҷик – Фаррух Қосим рост меояд. Ӯ ҳунарпеша, коргардони театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва асосгузори театри таҷрибавии «Аҳорун» буд.
Фаррух Қосим 17 сентябри соли 1948 таваллуд шудааст. Ӯ аз чеҳраҳои навоваре буд, ки дар рушди театри муосири тоҷик нақши муҳим гузошт.
Соли 1970 шуъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1969–1988 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон фаъолият намуд. Баъдан саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии Қӯрғонтеппа буд.
Номи Фаррух Қосим махсусан бо таъсиси театри «Аҳорун» пайванд дорад. Ин театр ба яке аз падидаҳои ҷолиби саҳнаи тоҷик табдил ёфт. Ӯ дар офаридаҳои худ ба «Авасто», «Шоҳнома», ашъори Мавлоно, Ҳофиз ва дигар осори классикии форсу тоҷик рӯ меовард ва мероси миллиро бо ҷустуҷӯҳои нави саҳнавӣ пайванд медод.
Фаррух Қосим дар театри тоҷик сабк ва мактаби хоси эҷодӣ ба вуҷуд овард. Намоишҳои ӯ бо рамзгароӣ, мусиқӣ, ҳаракат, фалсафа ва истифодаи амиқи мероси адабӣ фарқ мекарданд.
Ӯ 7 феврали соли 2010 дар Душанбе аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ