Аз муҳандис-технолог то раиси вилоят (видео)

16 сентябр зодрӯзи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аст. Ӯ имрӯз 55-сола шуд.

Раҷаб Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог хатм кардааст. Соли 2010 бошад, Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси иқтисодчӣ ба анҷом расондааст.

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1993 аз вазифаи муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Баъдан дар корхонаҳои саноатӣ вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла муовини роҳбар, сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ ва директори генералӣ буд.

Солҳои 2005–2007 Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғдро роҳбарӣ намуда, баъдан директори генералии КВД «Садаф» шуд.

Солҳои 2009–2011 раиси шаҳри Қайроққум — Гулистони имрӯза, баъдан аз соли 2012 то 2016 раиси шаҳри Хуҷанд буд.

Аз соли 2016 то 2018 Раҷаб Аҳмадзода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон фаъолият кард. Аз моҳи марти соли 2018 то имрӯз раиси вилояти Суғд мебошад.

Барои фаъолияти давлатӣ Раҷаб Аҳмадзода бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *