Омӯзгори мактаби №72-и Ёвон барои наворгирии хонанда танбеҳ гирифт

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки нисбат ба омӯзгоре, ки навори сарзаниши як хонандааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, чораҳои интизомӣ андешида шудааст.

Ин ниҳоди соҳаи маориф 15 сентябр дар вокуниш ба ҳодиса гуфт, ки пас аз паҳн шудани навор Равшаноро Акрамова, омӯзгори мактаби №72-и ноҳияи Ёвонро даъват намуда, аз ӯ вобаста ба амалаш забонхат гирифтаанд.

Ҳамчунин, Ба омӯзгор дар бораи зарурати риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои одоби касбӣ ва муносибати эҳтиромона бо хонандагон ҳушдор дода шудааст.

Ба иттилои Шуъбаи маорифи Ёвон, омӯзгорон уҳдадоранд ҳангоми дарс аз телефони мобилӣ истифода накунанд. Бо назардошти он ки Равшаноро Акрамова хонандаро дар вақти дарс бо телефон ба навор гирифтааст, нисбат ба ӯ «бо ҳадафи таъмини риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ ва интизоми меҳнатӣ» чораҳои интизомӣ андешида, танбеҳ эълон шудааст.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки омӯзгор ҳангоми дарси забони русӣ хонандаи синфи сеюми мактаби №72-ро, ки бе лавозимоти хониш ба дарс ҳозир шудааст, ба навор гирифта, онро «барои бартараф кардани камбудиҳо» ба модари хонанда фиристодааст.

Дар баробари ин, Шуъбаи маориф таъкид кардааст, ки падару модар низ дар таълиму тарбияи фарзанд масъулият доранд ва бояд барои таҳсил ва иштироки фаъоли кӯдак дар раванди таълим лавозимот ва шароити заруриро фароҳам созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *