Талонҳои муоинаи техникии мошинҳо дар Тоҷикистон электронӣ мешавад

Аз 15 – уми сентябр дар Тоҷикистон талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт ба шакли электронӣ гузаронида мешаванд.

Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, талони электрониро танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – eKhizmat.tj ба расмият даровардан мумкин аст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт тағйир намеёбад. Муоина минбаъд низ ҳузурӣ дар нуқтаҳои ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) гузаронида мешавад.

Тавассути портали ягона танҳо ҳуҷҷати ниҳоӣ, талони электронии муоинаи техникӣ ба расмият дароварда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *