Беш аз 1480 медал – дастоварди варзишгарони Хатлон

Варзишгарони вилояти Хатлон дар ҳашт моҳи соли равон аз иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби зиёда аз 1 ҳазору 480 медал шуданд.

Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ҳашт моҳ варзишгарон дар 67 чемпионат ва мусобиқаҳои байналмималӣ иштирок карданд.

Ӯ мегӯяд, аз иштирок дар мусобиқаҳои гуногун, варзишгарони мо 1 ҳазору 486 медал ба даст оварданд.

Ба таъкиди вай, аз шумораи умумии медалҳо – 446 медали тилло, 410 нуқра ва 630 медали биринҷӣ мебошанд.
“Бо беҳтар гардидани шароити машқу тамрин иштироки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ зиёд гардидааст. Шумораи медалҳо ҳам сол то сол бештар мешавад”,-таъкид дошт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *