Нашри китоби «Сию панҷ зинаи зафар»

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд китоби «Сию панҷ зинаи зафар» ба нашр расид.

Китоб бо ибтикор ва дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода чоп гардида, он маҷмуи мақолаҳои олимону донишмандонро дар бар мегирад.

«Сию панҷ зинаи зафар» аз чор боб иборат буда, дар он мақолаҳои олимону муҳаққиқон, аҳли қалам ва намояндагони соҳаҳои гуногун гирд оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар китоб маводи марбут ба таърихи Истиқлол, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ташаккули давлатдории миллӣ ҷой дода шудааст.

Мураттибони китоб Мухтори Абдулло, Шаҳноз Равшанзода ва Нодира Раҳмоновa буда, роҳбари гурӯҳи корӣ ва муҳаррири масъул Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод мебошанд.

Китоби «Сию панҷ зинаи зафар» дар нашриёти «Хуросон» ба табъ расида, аз 320 саҳифа иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *