Иштироки низомиёни Тоҷикистон дар машқҳои СААД

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамринҳои низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар қаламрави Қазоқистон баргузор мешаванд, ширкат доранд.

Дар доираи машқҳо низомиёни Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони қувваҳои мусаллаҳи Русия ва Қирғизистон тактикаву таҷрибаҳои марбут ба амалиёти ҷангии муосирро меомӯзанд.

Ба гуфтаи муовини сардори Ситоди муттаҳидаи СААД Руслан Шпекбоев, истифодаи васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин, силоҳҳои дақиқпаймо ва воситаҳои иктишофӣ хусусияти амалиёти низомиро тағйир додааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки дар шароити нав ҷойгир кардани гурӯҳҳои калони низомӣ ё пойгоҳҳо ҳам дар наздикии хатти тамос ва ҳам дар ақибгоҳ мушкил шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *