Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори агентии содирот, сардорони хадамотҳои гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар рӯзномаи саммит баррасии ҳамкориҳо дар соҳаҳои маъданҳои муҳим ва энергетика, инфрасохтор, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, илм, захираҳои об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим қарор дорад.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи нишаст «Эъломияи Сеул» қабул шавад. Ин санад самтҳои дарозмуддати ҳамкории Кореяи Ҷанубӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро муайян хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *