Овозе, ки «Гулшан»-ро дубора эҳё кард (видео)

15 сентябр зодрӯзи овозхони маъруфи тоҷик Субҳони Саид аст. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз 66 – сола мешуд.

Субҳони Саид соли 1960 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ҳаштсола дар зодгоҳ, се соли дигар дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кард.

Солҳои 1983–1985 дар ансамбли эстрадии «Суғдиён» ҳунарнамоӣ кард ва соли 1986 ба дастаи «Ганҷина»-и Филармонияи давлатӣ пайваст. Баъдан бо Кароматуллои Қурбон ҳамкорӣ намуда, аз аввали солҳои 1990 роҳбарии ансамбли машҳури «Гулшан»-ро ба уҳда гирифт. Аз соли 1993 то 2008 номи ӯ бо ин ансамбл сахт пайванд дошт.

Маҳз дар солҳои 1990 таронаҳои «Дунёи фонӣ гузарад» ва «Аз Қаротоғ омадем» ба ӯ шуҳрати зиёд оварданд. Ӯ муаллиф ва иҷрокунандаи даҳҳо таронаи эстрадӣ ва мардумӣ буд.

Соли 2003 Субҳони Саид дар озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои эстрада мақоми аввалро гирифта, «Ситораи сол» эълон шуд.

Ӯ Аҳмад Зоҳирро устоди маънавии худ медонист ва худ низ шогирдони зиёдеро ба саҳна овард. Фурқати Саид, Бобоҷони Шаҳзод, Садриддини Наҷмиддин, Суҳроби Маҳмуд ва Олими Маҳмуд аз ҷумлаи ҳунармандоне мебошанд, ки худро шогирди мактаби ӯ медонанд.

Субҳони Саид 5 июли соли 2016 дар 56 – солагӣ аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *