Марғелон адибони 15 кишварро ба ҳам овард
Дар Маҷмааи илмӣ-маърифатӣ ва сайёҳии «Бурҳониддин Марғинонӣ»-и шаҳри Марғелони вилояти Фарғона «Ҷашнвораи байналмилалии адабиёт ва китобхонӣ» баргузор шуд. Ин ҳамоиш аҳли адабу фарҳанг ва зиёиёни беш аз 15 кишвари Осиё, Қафқоз ва дигар минтақаҳои ҷаҳонро гирди ҳам овард.
Шерзодҷон Полвонов, муовини ҳокими вилояти Фарғона дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора гуфт, ғояи асосии он нияти нек, муколамаи самимӣ ва арзишҳои муштаракро таҷассум менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, адабиёт нерӯи бузурги маънавиест, ки қалбҳои мардумро ба ҳам мепайвандад ва эҳтирому ҳамбастагиро таҳким мебахшад.
“Иштироки аҳли адабу фарҳанги беш аз 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Беларус, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Туркманистон, Тотористон ва кишварҳои дигар, ба боло рафтани нуфузи ин ҷашнвора мусоидат намуд”, – изҳор дошт Шерзодҷон Полвонов.
Сипас иштирокчиёни ҷашнвора аз намоишгоҳи китобҳо дидан карданд. Дар он осори муаллифони давраҳои гуногун, ки дар нашриётҳои бузурги Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Дар яке аз бахшҳои маҷмаа маросими шеърхонӣ баргузор гардид. Дар он ба забонҳои гуногун шеър, ғазал ва рубоӣ садо дод. Таъкид шуд, ки адабиёту шеър ҳамеша дар таҳкими дӯстиву рафоқат нақши муассир доштаанд ва имрӯз низ ин рисолати худро идома медиҳанд. Ҷашнвора ҳамчунин барои дидори дубораи дӯстони дерина фурсати хуб фароҳам овард.
“Ҳаргиз интизор набудам, ки шоири тавоно устод Сиёвушро дар миёни меҳмонони ин ҷашнвора мебинам. Солҳои зиёд имкони дидору мулоқот бо ҳамдигарро надоштем”, -гуфт, Масъуди Мирзо, шоир ва раиси Маркази тоҷикони вилояти Фарғона.
Ӯ афзуд, ки эҷодиёти Сиёвуш миёни дӯстдорони шеъру адаби форсӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ба гуфтаи Масъуди Мирзо, доманаи фалсафии ашъори Сиёвуш фароху амиқ аст ва дарки он барои ҳар хонанда осон нест.
Маълум гардид, ки Масъуди Мирзо бо Сиёвуш ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта вохӯрда будааст. Баъдан робитаи мустақими онҳо гусаста шуда, акнун дар Фарғона дубора дидор насибашон гардид.
Сиёвуш низ аз даъват ва иштирок дар ҷашнвора изҳори хушҳолӣ кард.
“Дидани Фарғонаи қадим ва ин шаҳраки зебо, ки номи Бурҳониддин Марғинониро дорад, бароям хеле фараҳбахш аст. Ин шахсияти бузургро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Ӯ муаллифи китоби «Ал-Ҳидоя» мебошад, ки мояи ифтихори ҳар фарди илму маърифатдӯст аст”, – афзуд шоир Сиёвуш.
Дар ин сафар Сиёвушро ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони вилояти Суғд Илҳомҷон Юсупов ва чанд тан аз аҳли адабу маърифати Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар ҷараёни ҷашнвора борҳо аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ёдоварӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои охир равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, адабиёт ва робитаҳои мардумӣ тавсеа ёфта, барои рафтуомад ва мулоқоти аҳли адабу фарҳанги ду кишвар имкониятҳои бештар фароҳам шудаанд.
Ин ҷашнвора то 31-уми октябри имсол идома карда, шаҳри куҳанбунёди Марғелонро барои чанд рӯз ба маркази адабиёт, маърифат ва муколамаи эҷодӣ табдил медиҳад.
Мирасрор АҲРОРОВ, вилояти Фарғона
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ