Яке ба ҷисми корафтодаҳо хун мемолид, дигаре ваъдаи беҳбудии тиҷорат медод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми октябр, бо нашри ду хабари ҷудогона аз боздошти ду нафар иттилоъ дод, ки ба муштариёнашон ваъдаи кушоиши кор медодаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, Саидаҳмад Ниёзов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар ҳудуди бозори марказии ин ноҳия тавассути дуохонӣ ба орд, чой ва об бар ивази маблағи пулӣ ба савдогарон ваъдаи кушоиши кор ва беҳтар гардидани тиҷоратро медодааст.
Ӯ барои чунин кирдораш аз ҷониби пулиси ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуда, нисбаташ бар асоси моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода, ба суд ирсол гардидааст.
ВКД бо нашри хабари дигар аз боздошти Муътабар Шарипова, сокини шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Тибқи маълумоти ин ниҳод, “номбурда тавассути куштани паррандагон ва молидани хуни онҳо ба ҷисми корафтодагон, ба онҳо ваъдаи шифо ёфтан аз беморӣ, кушоиши кор, тоза кардани сеҳру ҷудоро дода, ба ин восита ба мардумфиребӣ даст задааст”.
Бо қарори додгоҳ нисбати Муътабар Шарипова ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 10 шабонарӯз таъин гардидааст.
Назари ин ду нафар ё наздикони онҳо ба хабари мақомот маълум нест.
Боздошти онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр гуфт, бо ҳадафи пешгирӣ аз хурофотпарастӣ минбаъд ному насаби “фолбинону сеҳру ҷодугарон”-ро дар махзан ё феҳриcти махсус ворид мекунад.
Мақомоти милиса борҳо аз боздошти фолбину ҷодугарон хабар додааст ва нисбати онҳо ва муштариёнашон муҷозот ҳам пешбинӣ шудааст. Вале даст задан ба чунин кирдор ҳанӯз идома дорад.
Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон 604 нафар фолбину ҷодугарро боздошт кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ