Дар Душанбе Маркази аутизм ифтитоҳ ва сохтмони Маркази трансплантология оғоз шуд

Имрӯз, 30 октябр Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази аутизм»-и шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин, бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст.

Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистӣ, синдроми Даун, фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гиперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.

Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Дар марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис, дахолати бармаҳал ва дастгирии оила, тавонбахшӣ, қабули рӯзона, кор бо наврасон, инчунин омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад.

Ҳамчунин, дар Маркази аутизми шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барномаи электронии «Е-тиб» муаррифӣ карда шуд.

Барномаи мазкур имкониятҳои корти электронии бемор, дорухатти электронӣ, навбати электронӣ ва сабти фосилавӣ барои қабули табибонро фароҳам меорад. Татбиқи он ба сарфаи вақт, такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифат мусоидат менамояд.

Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо назардошти талаботи муосири соҳаи тиб тарҳрезӣ гардида, барои ташхису табобати беморон, гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои марказ аз 15 ошёна иборат буда, дар қисми болоии он майдончаи махсус барои нишасту парвози чархбол пешбинӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *