Дар як вилояти Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мегардад
Аз моҳи январи соли оянда дар вилояти Ханти-Мансийски Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мегардад.
Дар ин бора Хабаргузории «Коммерсант» иттилоъ дода, гуфтааст, маҳдудият ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нонвойхонаҳо, фаъолияти анборҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии фарҳангию варзишӣ дахл дорад.
Гуфта мешавад, қаблан дар ин минтақа кор кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар 27 бахши дигар низ манъ шуда буд.
Руслан Куҳарук, волии вилояти Ханти-Мансийск ҳадафи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои навро, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Русия арзёбӣ кардааст.
Русия кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буда, солона ҳазорҳо нафар барои дарёфти кору маоши муносиб аз Тоҷикистон ба ин кишвар мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ