Майк Тайсон ба Душанбе меояд

Майк Тайсон, муштзани маъруфи амрикоӣ, яке аз чеҳраҳои машҳури бокси касбӣ дар назар аст, ки барои ширкат дар як чорабинӣ ба шаҳри Душанбе ояд.
 
Дар ин бора ширкати “TAS International Group” дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, гуфтааст,  5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе чорабинии «Шоми пирӯзиҳои бузург» баргузор мешавад, ки онро  “TAS International Group” ташкил мекунад.
 
Ба иттилои манбаъ, меҳмони махсуси ин чорабинӣ афсонаи бокси ҷаҳон Майк Тайсон хоҳад буд.
 
Дар доираи чорабинӣ барномаи консертӣ ва ҷамъбасти озмуни бурди автомобилҳо низ баргузор хоҳад шуд.
 
Макони баргузории ин чорабинӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе гуфта шудааст.
 
Рӯзи 30-юми октябр як манбаъ дар Қасри тенниси Душанбе  ба Pressa.tj баргузории чорабинӣ бо ширкати Майк Тайсон ва баъзе аз чеҳраҳои дигарро тасдиқ намуд.
 
Майк Тайсон, муштзани маъруфи амрикоиро дар Тоҷикистон ҳам мешиносанд ва ӯ мухлисони зиёде дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *