ММТ даври чаҳоруми сабтиноми довталабонро эълон кард

Маркази миллии тестии Тоҷикистон даври чаҳоруми сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳву донишкадаҳои кишварро эълон намуд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра танҳо онҳое ширкат карда метавонанд, ки мехоҳанд дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавӣ таҳсил намоянд.

Давраи чаҳоруми бақайдгирии довталабон аз 2-юми ноябри имсол оғоз мешавад.

Маркази миллии тестӣ мегӯяд, барои бақайдгирии довталабон дар даври чаҳорум  дар 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешавад. Ин нуқтаҳо аз 2-юм то 20-уми ноябри соли 2026 фаъолият мекардаанд.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, арзиши хидматрасонӣ 370 сомонӣ муқаррар шуда, барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра бояд 30 сомонӣ пардохт кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *