Буҷаи Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Имрӯз, 29-уми октябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон маҷлиси ҳукумат баргузор шуда, дар он дар баробари дигар масъалаҳо тарҳи қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2027 баррасӣ гардид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президент, дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатӣ  барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ  барои соли 2027 нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

“Даромади буҷети давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад”,-навиштааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ба вазорату идораҳо дар мавриди рақамикунӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартарафсозии қарзҳои андозӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиши воридоти маҳсулот супоришҳое додааст.

Президенти кишвар дастур додааст, ки тарҳи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *