Дар Хатлон таваллуд кам, фавт зиёд шудааст
Дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон таваллуди 72 ҳазору 220 кӯдак сабт гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 496 ҳолат кам мебошад.
Дар ин бора аз шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj хабар дода, гуфтанд, давоми соли ҷорӣ таваллуд кам, вале фавти сокинон бештар сабт гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ- сентябри имсол дар Хатлон 9 ҳазору 160 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба 9 моҳаи соли сипаришуда 286 ҳолат бештар аст.
“Таваллуди кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои Дарғара, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ зиёд шудаасту халос. Дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Бақайдгирии давлатии вафот бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷ, Восеъ, Ҷалолиддини Балхӣ нисбатан бештар шудааст”,-афзуд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ