Тақдими беш аз 6 ҳазор китоб ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб

Ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазору 200 нусха китоб ба таври ройгон тақдим карда мешавад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, тақдими китобҳо дар доираи «Корвони китоб», ки  ба шаҳру ноҳияҳои ин минтақа сафарбар гардид, амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз чорабинии  “Корвони китоб” рушди соҳаи китобдорӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо гуфта мешавад ва он  аз 26-уми октябр  то 6-уми ноябр идома хоҳад ёфт.

“Дар доираи ин иқдом ба китобхонаҳои минтақа 6 ҳазору 226 нусха китоб аз рӯйи 40 номгӯй, аз ҷумла осори адибони классикӣ ва муосир, адабиёти илмӣ, бадеӣ ва бачагона, ба таври ройгон тақдим карда мешавад. 27-уми октябр дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардида, мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯён, аҳли илму адаб ва сокинони шаҳр қарор гирифт”,-афзуд, манбаъ.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ин иқдом дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *