БАТР ба Тоҷикистон беш аз 62 миллион евро медиҳад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқу иҷрои ду тарҳ ба Тоҷикистон беш аз 62 миллион евро медиҳад.

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, созишномаи қарзӣ ва грантиро рӯзи 28-уми октябр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Маттео Патроне, ноиби раҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, дар шаҳри Душанбе ба имзо расонидаанд.

Манбаъ мегӯяд,  барои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб 9,9 миллион евро, барои барқарорсозии  роҳи автомобилгарди  “Балҷувон – Сари Хосор 52,85 миллион евро, яъне дар маҷмӯъ беш аз 62 миллион евро барои ин ду тарҳ пешбинӣ шудааст.

Маълум нест аз ин маблағ чӣ миқдораш қарз ва чӣ қадарш  грант ё кӯмаки бебозгашт аст.

Бо ин миқдор маблағ сохтмону  барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, безараргардонии оби ошомиданӣ,  таъмини сокинон бо оби тоза ва  таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳо дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *