Аз Садри Зиё то «Хуросон аст ин ҷо». Ёде аз академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе, дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100 – солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар он аҳли илму адаб ва дӯстдорони осори ӯ ҳузур доштанд ва атрофи шахсият ва мероси илмиву адабии ин донишманд суҳбат карданд.
 
Профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода зимни баромад гуфт, ки дар 100 – солагии Муҳаммадҷон Шакурӣ муҳим аст, дар баробари ёдоварӣ аз зиндагӣ ва хидматҳои илмии ӯ, ба масъалае низ таваҷҷуҳ кард, ки дар маркази бисёре аз пажӯҳишҳои Шакурӣ қарор дошт ва онҳоро ба ҳам мепайваст.

Вай афзуд, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ дар омӯзиши осори Садри Зиё танҳо ба хотира ё муҳаббати фарзандӣ такя накардааст.

«Дар омӯзиши осори Садри Зиё масъалаи дигаре низ ҳаст, ки ба шахсияти худи Шакурӣ робитаи бевосита дорад. Садри Зиё падари ӯ буд. Аз ин рӯ, Шакурӣ ба пажӯҳиши осори шахсияте рӯ овардааст, ки бо хотираҳои хонаводагии ӯ пайванди бисёр наздик дошт. Аммо ҳамин робитаҳои хонаводагӣ масъулияти муҳаққиқро бештар мекард. Ӯ дар баррасии рӯзгор ва осори падар танҳо ба хотира ё муҳаббати фарзандӣ такя накард, балки навиштаҳои устод Айнӣ, дастнависҳо ва санадҳои таърихиро мавриди муқоиса қарор дод. Ин муносибати наққодона яке аз ҷиҳатҳои муҳими ахлоқи илмии устод Шакуриро равшан месозад», – афзуд профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода.

Ба назари донишманди тоҷик  Кароматулло Олимов, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар таърихи адабиётшиносӣ ва ташаккули афкори миллии тоҷикон нақши муассир дорад.
 
Адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов қабл аз оғози ин нишаст дар суҳбат бо Pressa.tj шарҳ дод, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ дар солҳои охири умраш ба чӣ корҳое машғул буд.

«Солҳои охири умрашон, тақрибан 15 – 20 соли охир муаллим ба фалсафаи адабиёт, ба фалсафаи забон ва ба фалсафаи таърих бештар рӯ оварданд. Асарҳое, ки навиштанд – “Хуросон аст ин ҷо”, “Пантуркизм ва сарнавишти таърихи тоҷикон”, “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” – махсусан дар ҳамин се асар ҳам ба таърихи дуру наздики мо, ҳам ба таърихи фарҳанги мо, ҳам ба таърихи адабиёт ва забони мо масъалаҳои муҳимтаринро гузоштанд ва ба таври худашон ҳал карданд», – таъкид намуд адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов.
 
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз чеҳраҳои барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар садаи XX ва оғози садаи XXI ба шумор меравад. Ӯ 30 октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро, дар хонадони шахсияти маъруф Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба дунё омада, даҳсолаҳои фаъолияти илмии худро ба таҳқиқи адабиёти тоҷик, осори Садриддин Айнӣ, масъалаҳои забони миллӣ, истилоҳшиносӣ, худшиносии миллӣ ва сарнавишти фарҳангии тоҷикон бахшидааст.
 
Аз соли 1971 доктори илмҳои филология ва аз соли 1987 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Соли 1996 ба узвияти пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуд.
Донишманди саршиноси тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 2012, дар синни 86 – солагӣ даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *