Сарояндае, ки мухлисон бозгашташро интизоранд

Имрӯз зодрӯзи яке аз чеҳраҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик Парвина Шукруллоева аст. Ӯ 42 – сола шуд.

Парвина Шукруллоева 28 октябри соли 1984 ба дунё омада, роҳи ҳунарро ҳанӯз аз 3-солагӣ дар студияи кӯдаконаи ансамбли давлатии «Зебо» оғоз кардааст. Ӯ мактаби мусиқиро бо ихтисоси фортепиано хатм намуда, ҳанӯз дар кӯдакӣ соҳиби Гран-при озмуни «Чӯҷаи заррин» гардидааст.

Соли 1996 Парвина Тоҷикистонро дар озмуни маъруфи телевизионии «Утренняя звезда» намояндагӣ кард ва унвони «Шаҳризодаи Шарқ»-ро гирифт. Соли 1997 бошад, бо ҷоизаи «Умед» қадрдонӣ шуд.

Таронаҳои «Тоҷикистон», «Намеравам ҳеҷ куҷо», «Ишқи аввал», «Истиқлол» ва даҳҳо суруди дигар ӯро миёни мухлисон маъруф карданд. Соли 2001 нахустин албоми ӯ бо номи «Рӯзи таваллуди муҳаббат» ба нашр расид.

Аммо солҳои баъдӣ Парвина аз саҳнаи фаъоли эстрада то андозае канор рафт. Ҳатто расонаҳо борҳо аз «ғайб задан»-и ӯ аз саҳна навиштаанд. Бо вуҷуди ин, сароянда эҷодро комилан тарк накард: соли 2017 «Муҳаббат» ва соли 2019 «Султони дилу ҷонам»-ро пешниҳоди мухлисон намуд.

Соли 2025 бошад, Парвина Шукруллоева дубора дар сатҳи байналмилалӣ намудор шуд ва ин бор ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар ҳайати ҳакамони озмуни «Silk Way Star» дар Остона.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *