Дар Левакант беш аз 100 ҷинояти вобаста ба замин ошкор гардид

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 100 қонуншикании марбут ба замин ошкор шудааст.

Дар ин бора Зайнулло Саидзода, раиси Кумитаи идораи замин дар шаҳри Левакант ба Pressa.tj иттилоъ дода,  гуфт,  дар ин давра дар маҷмӯъ 104 қонуншикании вобаста ба замин  ошкор шудааст, ки ҷаримаи онҳо наздики 47 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид намуд, қонуншиканӣ дар майдони беш аз 8 гектар замин  сабт гардида, он пурра бартараф карда шуд.

“Вале вобаста ба забт кардани замин, истифодаи ғайримақсадноку беҳуҷҷати он ба прокуратура 9 мавод пешниҳод гардидааст”-, афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Бо вуҷуди андешидани чораҳои гуногун, заминфурӯшӣ ва бунёди худсаронаи манзил дар Тоҷикистон ҳамоно “дарди бедаво” мемонад.

Дар гузашта мақомот аз боздошти даҳҳо нафар сокинони одӣ, раисони ҷамоату бархе роҳбарони идораҳои замин хабар дода буд, вале тавре ба назар мерасад қонуншиканиҳои марбут ба замин ҳанӯз идома дорад.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 13 ҳазору 500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ё риоят накардани он сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *