Аз рушди соҳибкорӣ то ҷалби сармоя. Баргузории форуми байналмилалӣ дар Суғд

Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар вилояти Суғд масъалаҳои  муҳими иқтисодӣ, аз қабили  рушди бахши соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ, муаррифии имкониятҳо ва рақамикунонӣ матраҳ хоҳанд шуд.  

Баррасии ин мавзӯъҳо, рӯзҳои 29-30-юми октябри имсол дар  форуми байналмилалии “Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт -2026” дар назар аст, ки рӯзҳои  29-30-юми октябр дар вилояти Суғд баргузор мегардад.

Дар ҳукумати вилояти Суғд ба Pressa.tj гуфтанд, ҳадафи асосии форум беҳтар намудани  фазои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя  ва таҳияи лоиҳаҳои мушаххас барои рушди устувори иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мебошад.  

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд-Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ хоҳанд шуд.

“Ҳамзамон, дар доираи форум масъалаҳои ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва бахши хусусӣ, ташаккули имиҷу бренди шаҳрҳо, рушди соҳибкории хурду миёна, омодасозии мутахассисони дорои малакаҳои муосир, истифодаи имкониятҳои фарҳангиву сайёҳӣ барои рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон баррасӣ мегарданд”,-афзуд, манбаъ.

Рӯзи аввали форум, ки дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегузарад, масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонии шаҳрҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар назар аст, рӯзи 30-юми октябр иштирокдорон барои шиносоӣ ба имкониятҳои инфрасохторӣ, шароити  соҳибкорӣ ва самтҳои ояндадори сармоягузорӣ аз маконҳои татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳри Истиқлол ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар Хуҷанд боздид намуда, дар поёни форм аз кори он натиҷагирӣ шавад.

Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ниҳодҳои молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон аз Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *