Шоми ёдбуди Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Маскав
Дар шаҳри Маскави Русия, 28-уми октябри имсол бахшида ба 85-солагии Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон нишасти илмӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.
Шоми ёдбуди Лоиқ Шералӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав доир шуда, дар он донишмандон, нависандагон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат ва донишҷӯён иштирок намудаанд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар ин ҳамоиш бо ишора ба хидматҳои мондагори Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири Тоҷикистон, гуфтааст, “шоир рисолаташро дар эҷоди шеъри асил ва эҳёи асолати назми миллӣ шинохта, дар иҷрои ин рисолат ба тавфиқи комил даст ёфта аст”.

“Инчунин ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Аркадевна Краева суханронӣ кард. И. Краева дар суханронии худ саҳми Лоик Шералиро дар назми ҷаҳон қайд намуда, аҳамияти омӯзиши адабиёт, забон ва фарҳанги давлатҳои бародарро барои таҳкими ваҳдат дар фазои ИДМ таъкид кард”,-навиштааст манбаъ.
Бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии адабии “Нилуфар” Лоиқ Шералӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ баргузор гардидаанд.
85 сол муқаддам, 20 майи соли 1941 Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ аз падар маҳрум монда, дар оғӯши гарми модар ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти дохил шуда, соли 1963 онро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муҳаррири бахши адабии радиои Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои фарҳангӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 1991 то поёни умр раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд. Лоиқ Шералӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи шеъри муосири тоҷик ба шумор меравад.
Маҷмӯаҳои маъруфи ӯ, аз ҷумла “Хоки Ватан”, “Марди роҳ”, “Хонаи дил”, “Ману дарё” ва “Фарёди бефарёдрас” миёни хонандагон маҳбубияти зиёд доранд. Осори шоир мавзӯъҳои Ватан, модар, ишқ, инсон, сулҳу ваҳдат ва ахлоқи ҷомеаро фаро мегиранд.
Устод Лоиқ 30-юми июни соли 2000 –ум бар асари сактаи мағзи сар даргузашт ва дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супурда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ