Боздошти гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир дар Ашт

Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт фаъолияти як гурӯҳи муташаккили фаромилии қочоқбарони маводи мухаддирро ошкор карда, чанд нафарро боздошт намудаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни амалиёт аз гумонбарон 6 килою 500 грамм ҳашиш мусодира шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, сокини 53-солаи ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт, ки қаблан барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир суд шудааст, бо як шаҳрванди Афғонистон интиқоли маводи мухаддирро ташкил кардааст. Ҳамчунин, се бародар бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Ба маълумоти тафтишот, маводи мухаддир дар қаламрави Афғонистон ба даст оварда шуда, қарор будааст тавассути Тоҷикистон ба хориҷи кишвар интиқол дода шавад.

Боздоштшудагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *