Ғолибони «Табиби сол – 2026» бо 15 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд

Дар Тоҷикистон натиҷаҳои нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид. Ғолибони он бо диплом ва 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар озмун 2226 табиб аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуда, довталабон барои 35 номинатсия сабтином шудаанд. Дар натиҷа, ғолибон аз рӯи 31 номинатсия муайян гардиданд.

Ғолибон бо назардошти сатҳи касбият, таҷриба, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ интихоб шудаанд.



Ин озмун бори аввал дар кишвар баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа, муаррифии дастовардҳои тиб ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустӣ будааст.

Пеш аз маросими ҷамъбастӣ дар бинои вазорат намоишгоҳи ширкатҳои фармасевтӣ ва дастовардҳои табибони кишвар баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *