Шоири миллат ва рамзи давлат
20 сентябри соли равон ба 81-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ рост меояд.
Ӯ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, мактабро бо нишони тилло ва соли 1966 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба анҷом расондааст.
Фаъолиятро аз рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва нашрияҳои «Пайванд», «Адабиёт ва санъат» ва «Ваҳдат» фаъолият кардааст. Солҳои 2005–2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ буд.
Гулназар Келдӣ муаллифи беш аз 40 маҷмуаи шеърӣ аст.
Номи Гулназар Келдӣ пеш аз ҳама бо матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд дорад.
Барои маҷмуаи кӯдаконаи «Се кулчаи танӯрӣ» соли 1995 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид.
Гулназар Келдӣ 13 августи соли 2020, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.
Гулназар аз зумраи шоиронест, ки номи ӯ на танҳо бо шеъри муосири тоҷик, балки бо яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатии кишвар – Суруди миллӣ пайванди ҷовидона дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ