Гулназар – муаллифи Суруди миллӣ даргузашт (Видео)

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт. Номбурда рӯзҳои охир бемор ва бо сирояти короновирус дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Пайвандони шоир хабар доданд, ки ҷанозаи шоир имрӯз соати 18:00 дар мазори Лучоб баргузор мешавад.

Гулназар ҳафтаи гузашта бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавирус дар шифохонаи «Истиқлол» бистарӣ шуда буд. Тайи ду рӯзи охир аҳволи шоир бад шуд ва ӯ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ва ду навбат вакили парлумони кишвар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *