Хатлон соҳиби даромадгоҳи нави рамзӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон дар баробари сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёди даромадгоҳи нави вилоят низ ба нақша гирифта шудааст. Ин маҷмаа дар ҳудуди деҳоти Лоҳутии ноҳияи Рӯдакӣ, дар марзи ноҳияи Хуросон сохта мешавад.
Алимаҳмад Қудратзода, сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон, ба Pressa.tj гуфт, ки айни ҳол аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони 13 иншооти таъиноти гуногун идома дошта, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ дар 3 иншооти дигар низ оғоз мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ин тарҳҳо бештар ба бунёди муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ шудааст.
«Бунёди 4 муассисаи таълимӣ ва 2 беморхона дар нақша буда, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ идома доранд. Роҳбарияти вилояти Хатлон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад», – гуфт Алимаҳмад Қудратзода.
Аз Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки имсол барои Идораи сохтмони асосии вилоят аз ҳисоби буҷет наздики 42 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар 9 моҳи соли равон 22 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағгузории минбаъда вобаста ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Алимаҳмад Қудратзода, дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ сохтмони даромадгоҳи вилояти Хатлон низ дар назар аст. Ин маҷмаа дар масоҳати 3,5 гектар бунёд мешавад.
Тибқи тарҳ, даромадгоҳи вилоят бо намои зебои меъморӣ, унсурҳои миллӣ ва тарҳи муосир сохта шуда, бояд таъриху фарҳанги Хатлонро таҷассум кунад.
Вилояти Хатлон аз минтақаҳои бузург ва сераҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аммо то имрӯз даромадгоҳи рамзии махсус надорад. Бунёди чунин маҷмаа метавонад симои меъмории минтақа ва намои воридшавӣ ба вилоятро беҳтар созад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ