Аз Қасри Арбоб то фаъолияти дипломатӣ (видео)

Имрӯз, 7 октябр Қозидавлат Қоимдодов, ходими шинохтаи давлатӣ ва сиёсӣ, дипломати тоҷик 77 – сола шуд.

Қозидавлат Қоимдодов соли 1949 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1971 риштаи зоотехникии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуда, баъдан дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун зоотехник оғоз намуда, баъдан дар сохторҳои комсомолӣ ва ҳизбии ВМКБ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар солҳои аввали истиқлоли кишвар дар сохторҳои олии давлатӣ фаъолият дошт. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб муовини раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Солҳои 1992 – 2000 дар ин мақом ва солҳои 2000–2005 ба ҳайси муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2005 ба фаъолияти дипломатӣ гузашт. Солҳои 2005–2009 Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва аз соли 2009 то декабри соли 2017 Сафири Тоҷикистон дар Беларус буд. Ҳамзамон Тоҷикистонро дар Литва, Латвия ва Эстония намояндагӣ карда, намояндаи доимии кишвар дар сохторҳои ИДМ низ буд. Моҳи декабри соли 2017 бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи дипломатӣ озод гардид.

Соли 2019 Қозидавлат Қоимдодов намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон таъин шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, ӯ то имрӯз дар ин мақом фаъолият дорад.

Қозидавлат Қоимдодов номзади илмҳои кишоварзӣ буда, бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *