Трамп мехоҳад ба Ӯзбекистон сафар кунад

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида барои боздид аз Ӯзбекистон изҳори майл кардааст. Аммо замони дақиқи сафари эҳтимолии ӯ ҳанӯз маълум нест.
 
Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи президенти Амрико дар масъалаҳои шарикии ҷаҳонӣ дар суҳбат бо телевизиони давлатии «Ӯзбекистон 24» дар Тошканд хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Трамп нияти сафари худ ба Ӯзбекистонро баён кардааст. Замполли изҳор доштааст, ки умедвор аст ин сафар ҳарчи зудтар сурат бигирад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон низ чанд маротиба Доналд Трампро барои анҷоми сафари расмӣ ба ин кишвар даъват кардааст. Моҳи августи соли 2026 зимни суҳбати телефонӣ ду президент сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, масъалаҳои рушди шарикии стратегиро баррасӣ карданд. Дар анҷоми суҳбат Мирзиёев бори дигар Трампро барои боздид аз Ӯзбекистон даъват кард.
Хабари эҳтимоли сафари Трамп дар остонаи боздиди Марко Рубио, котиби давлатии ИМА аз Самарқанд нашр мешавад. Қарор аст Рубио дар миёнаҳои моҳи октябр бо ҳайате, ки намояндагони беш аз 100 ширкати амрикоиро дар бар мегирад, ба Ӯзбекистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии формати C5+1 бо иштироки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *