Сафари Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон

Дар ҷараёни ин сафар ӯ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҳаштумин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8 октябр ба Туркманистон сафар кард.

Дар ҳайати расмии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент оид ба робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ шомиланд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро қабл аз сафар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони мақомоти олии кишвар гусел карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *