Аз омӯзгорӣ то Парлумон. Мавсума Муинӣ 45-сола шуд (видео)
Имрӯз, 8 октябр зодрӯзи Мавсума Муинӣ, яке аз бонувони шинохтаи сиёсат ва идораи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ 45-сола шуд.
Мавсума Муинӣ 8 октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло хатм карда, соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва дипломи аъло ба анҷом расондааст.
Фаъолиятро аз омӯзгорӣ оғоз кардааст. Солҳои 2003 – 2009 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар кафедраҳои ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика кор кардааст.
Соли 2009 ба фаъолияти давлатӣ гузашт. То соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва солҳои 2014 – 2017 муовини якуми раиси ин кумита буд.
Аз соли 2017 то январи соли 2022 ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият карда, бахшҳои иҷтимоиву идеологии пойтахтро пеш мебурд. 26 январи соли 2022 Мавсума Муинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин гардид.
Соли 2023 ӯ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ роҳ ёфт ва 7 феврали соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Имрӯз низ дар ҳамин мақом фаъолият дорад.
Инчунин, Мавсума Муинӣ маълумоти дуюми олиро дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо гирифта, номзади илмҳои таърих мебошад. Соли 2015 бо медали давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ