2,2 миллион сомонии бонк куҷо шуд? Инкассатор боздошт гардид

Корманди маркази хизматрасонии «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Истаравшан бо гумони азхуд кардани беш аз 2,2 миллион сомонӣ маблағи бонк дастгир шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони азонихудкунии маблағҳои бонк дастгир кардаанд.

Тибқи иттилои мақомот, гумонбаршуда Мазҳабшо Ашурови 28-сола ба ҳайси инкассатори маркази хизматрасонии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Истаравшан фаъолият мекард.

Муайян шудааст, ки ӯ аз моҳи декабри соли 2025 то замони боздошт маблағҳоеро, ки аз хазинаи филиали ҶСП «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгир намудан дар банкоматҳо мегирифт, ба манфиати шахсии худ истифода кардааст.

Ба иттилои мақомот, ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда 2 миллиону 223 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 245, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *