Technovation 2026 дар Тошканд. Зарари сигор аз нигоҳи илм ва навоварӣ
Дар шаҳри Тошканд намояндагони давлат, олимон ва соҳибкорон роҳҳои коҳиши зарари тамокукашӣ, рушди технологияҳои нав ва нақши танзими оқилонаро баррасӣ карданд.
Платформаи байналмилалӣ
30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Тошканд ҳамоиши байналмилалии Technovation 2026 баргузор шуд. Ин ҳамоиш бо ташаббуси ширкати Филип Моррис Интернешнл (ФМИ) доир гардида, ба навовариҳои илмӣ ва технологӣ дар самти коҳиши зарари тамокукашӣ бахшида шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ӯзбекистон, коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи илм ва танзим, олимон, табибон ва роҳбарони ширкатҳои бузург ширкат карданд. Маврид ба таъкид аст, ки Technovation платформаи байналмилалии ФМИ аст, ки дар доираи он ширкат дидгоҳи худро вобаста ба ояндаи бидуни дуди сигор ва далелҳои илмӣ дар бораи коҳиши зарари сигор муаррифӣ мекунад.

Ҳамоишро Марко Мариотти, президенти ФМИ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҳиндухитой ва ИДМ ифтитоҳ кард. Ӯ суръати тағйирот дар Ӯзбекистонро баланд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳити устувор ва пешгӯишавандаи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон аҳаммияти калидӣ дорад. «Ҳар дафъае, ки ба Ӯзбекистон меоям, аз суръати тағйирот, ки дар ин ҷо ба амал меоянд, таассуроти хуб мегирам. Дар даҳсолаи охир кам кишварҳое чунин дигаргуниҳои қатъиро аз сар гузаронидаанд. Сармоягузорон волоияти қонун, субот, неруи кории соҳибмаърифат ва экосистемаеро меҷӯянд, ки ба навоварӣ мусоидат кунад. Ӯзбекистон имрӯз ба ин интизориҳо ҷавобгӯ аст. Пешбурди навоварӣ кори осон нест. Он вақт мехоҳад, вале дар иваз рушди устувори кишварро таъмин мекунад. Ҳамзамон, ширкатҳои байналмилалие, ки солҳои зиёд дар кишвар фаъолият доранд, бояд барои расидан ба ҳадафҳои бузурги давлат, ки роҳи рушди навовариро пеш гирифтааст, саҳми бештар гузоранд. Маҳз аз ин сабаб мо Тошкандро интихоб кардем, то дар Technovation баррасӣ кунем, ки технология ва навоварӣ чӣ гуна метавонанд ба рушди кишвар мусоидат кунанд»,- таъкид намуд Марко Мариотти.
Дар идомаи ҳамоиш Азизбек Урунов, намояндаи Президенти Ӯзбекистон дар Созмони ҷаҳонии савдо сухан гуфта, Technovation-ро майдони муфид барои гуфтугӯи давлат, соҳибкорон, сармоягузорон ва ҷомеаи коршиносӣ номид.
«Technovation нишон медиҳад, ки навовариҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодро тағйир медиҳанд ва ба омили муҳими рушд табдил меёбанд. Барои Ӯзбекистон навоварӣ воситаи муҳимтарини рушди иқтисод ва тавсеаи ҳузури кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Яке аз унсурҳои калидии ин раванд пайвастани кишвари мо ба Созмони ҷаҳонии савдо аст»,- гуфт Азизбек Урунов.
Осиёи Марказӣ – қалби рушд
Акрам Алиев, муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон навовариро яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисод номид. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи навоварӣ набояд танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ чен карда шавад.
«Муваффақият бояд на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо саҳм дар ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ низ арзёбӣ шавад. Зеро саломатии ҷомеа пояи муҳими рушди дарозмуддат мебошад. Бовар дорам, ки форуми мазкур ба платформае барои шарикиҳои нав, ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои барои тарафҳо судманд табдил меёбад, ки дар рушди устувор саҳм мегузоранд»,- гуфт Акрам Алиев.
Дар яке аз панелҳои ҳамоиш намояндагони «Yashil Energy», «Coca-Cola» дар Ӯзбекистон, EPAM, PMI ва Академияи миллии илмҳои Ӯзбекистон ширкат карда, аҳаммияти танзими саривақтӣ ва огоҳонаро барои зудтар ҷорӣ шудани навовариҳо таъкид намуданд.
Омар Абделлатиф, мудири иҷроияи Филип Моррис Интернешнл (ФМИ) дар Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ гуфт, ки минтақа дорои зарфияти назарраси рушд аст.

«Осиёи Марказӣ қалби рушд аст ва мо зарфияти бузурги ин минтақаро мебинем. Мо дар 12 бозори ИДМ ва Осиёи Марказӣ фаъолият дорем ва пайваста ба рушди онҳо сармоягузорӣ мекунем. Дар Ӯзбекистон ҳаҷми сармоягузориҳои мо аллакай аз 130 миллион доллар гузаштааст. Ҳамчунин, соли 2025 мо намояндагии худро дар Тошканд ифтитоҳ намудем, ки имрӯз дар он садҳо нафар фаъолият мекунанд. Барои мо табдил танҳо сармоягузорӣ ба таҷҳизот нест. Баръакс, истеҳсолро рушд диҳем, равиши корро тағйир диҳем ва андеша кунем, ки маҳсулоти худро чӣ гуна ба истеъмолкунанда пешниҳод мекунем. Муҳимтар аз ҳама, одамонро рушд диҳем, ғояҳои навро дастгирӣ намоем ва барои зуд омӯхтану тағйир ёфтан омода бошем. Маҳз ин ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ба имрӯз, балки ба ояндаи минтақа сармоягузорӣ кунем»,- гуфт ӯ.

Илм ва коҳиши зарари тамокукашӣ
Нимаи дуюми рӯзи ҳамоиш бештар ба илм ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бахшида шуд. Доктор Томоко Иида аз ФМИ дар бораи таҳқиқоти илмие, ки таҳияи маҳсулоти бидуни дудро фаро мегирад, сухан гуфт.
«Илм ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи тамокукашӣ саволи дуруст гузорем: манбаи асосии зарар чист? Никотин вобастагӣ ба вуҷуд меорад ва бехатар нест. Аммо манбаи асосии зарар маҳсулоти сӯхт аст. Ҳангоми сӯхтани тамоку ҳазорҳо пайвастагиҳои кимиёвӣ, аз ҷумла моддаҳои заҳрнок ва кансерогенӣ ҳосил мешаванд. Аз ин сабаб, вақте ки мо дар бораи навоварӣ ҳарф мезанем, барои мо муҳим аст, ки танҳо технологияи нав ё маҳсулоти бидуни сӯхт эҷод накунем, балки ба таври илмӣ санҷем, ки бо бартараф шудани сӯхт чӣ тағйир меёбад. Дар ин ҷо саволҳое, ки танзимгарон пешниҳод мекунанд, аҳаммияти калон доранд. Масалан, ҳангоми арзёбии илмии маҳсулоти мо саволи комилан мантиқӣ ба миён омад: агар сӯхтанро бартараф кунем, оё моддаҳои наве пайдо намешаванд, ки дар сигор вуҷуд надоранд? Мо таркиби кимиёвии аэрозолро санҷидем ва ҷузъҳои ошкоршударо алоҳида арзёбӣ кардем. Барои ман маҳз ҳамин равиши илмӣ ба навоварӣ аст: ҷавобро аз пеш тахмин накардан, балки савол додан, ҷавоб ҷустан, онро санҷидан ва ба додаҳо иҷозат додан, ки хулосаро муайян кунанд»,- гуфт Томоко Иида.


Иштироки коршинос аз Тоҷикистон
Дар панели махсуси тиббӣ табибон ва олимон аз Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои коҳиши зарар, нақши навоварӣ ва аҳамияти далелҳои илмиро ҳангоми тағйироти соҳаи тамоку баррасӣ карданд.
Аз Тоҷикистон доктори илмҳои тиб, профессор ва онкологи маъруф Саида Умарзода ширкат карда, зарурат ва далелҳои илмиро дар пешгирии бемориҳо муҳим донист.
«Сиёсати муосир дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ набояд танҳо бар манъкунӣ асос ёбад. Зарур аст, ки ба аҳолӣ иттилои аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар бораи хатарҳои мавҷуда ва роҳҳои эҳтимолии коҳиши онҳо пешниҳод карда шавад»,- гуфт ӯ.
Ба назари Саида Умарзода, қисми назарраси омилҳои хавфи бемориҳо ба рафтори инсон вобаста буда, метавонанд тағйир дода шаванд. Аз ин рӯ, танҳо огоҳ кардани мардум аз зарари тамокукашӣ кофӣ набуда, бояд роҳҳои гуногуни пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ бо назардошти омилҳои инфиродии хавф низ баррасӣ шаванд.
Мейрам Раганин, номзади илмҳои тиб ва президенти ҷомеаи коршиносони стоматологии Қазоқистон низ зарурати муносибати эҳтиромомез ва иттилооти илмиро таъкид кард.

«Мо бояд ба инсон бо эҳтиром муносибат кунем ва ба ӯ имкон диҳем, ки мустақилона дар бораи чӣ гуна коҳиш додани хавфҳои худ қарор қабул намояд. Барои ин иттилои фаҳмо, дастгирии илмӣ-тиббӣ ва кумаки мутахассисон зарур аст. Ҳамчунин, бояд ба назар гирифт, ки на ҳамаи маҳсулоте, ки бо хавф барои саломатӣ алоқаманданд, дараҷаи якхелаи зарар доранд. Аз ин рӯ, равиши илмӣ бояд фарқияти байни онҳоро ба инобат гирифта, ба инсон имкон диҳад, ки қарори огоҳона қабул кунад»,- гуфт ӯ.
Борис Каспаров, духтури онколог аз Русия масъалаи фарбеҳиро низ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими хатари бемориҳои ғайрисироятӣ матраҳ кард.
«Фарбеҳӣ имрӯз ҳамчун яке аз омилҳои асосии хавфи бемориҳои ғайрисироятӣ баррасӣ мешавад. Он ҳадди ақал бо 13 навъи асосии бемориҳои саратонӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, танҳо ба бемор гуфтани “бештар ҳаракат кун ва камтар бихӯр” кофӣ нест. Бояд хусусиятҳои синнусолӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, ҳолати равонӣ ва бемориҳои ҳамроҳ ба инобат гирифта шаванд»,- гуфт Борис Каспаров.

Ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Ҷаласаи хотимавии ҳамоиш таҳти унвони «Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар раванди табдил» доир шуд. Дар он намояндагони Кумитаи давлатии гумрук, Агентии танзими техникӣ, Маркази таҳқиқоти сиёсати рақобат ва ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ӯзбекистон ва Лигаи миллии истеъмолкунандагони Қазоқистон иштирок карданд.
«Истеъмолкунанда шоистаи ҳамкорӣ бо соҳибкории бовиҷдон аст ва ба чунин ҳамкорӣ омода мебошад. Чунин бизнес стандартҳо таҳия мекунад, маҳсулоти нав месозад ва омода аст, ки ба истеъмолкунанда ошкоро нишон диҳад, маҳсулот чӣ гуна истеҳсол ва таҳқиқ мешавад. Ҳангоми пайдо шудани гурӯҳҳои нави маҳсулот ба мо лозим нест, ки аз нав чарх ихтироъ кунем, муҳим таҷрибаи байналмилалиро ба назар гирем ва роҳҳои ҳаллеро ҷустуҷӯ намоем, ки дар амал кор мекунанд. Ҳамчунин, танзим бояд амнияти истеъмолкунандаро таъмин карда, ба стандартҳои фаҳмо асос ёбад»,- гуфт Светлана Романовская, роҳбари Лигаи миллии истеъмолкунандагони Қазоқистон.

Паёми Technovation
Мавзуи меҳварии ҳамоиши Тошканд пайванди илм, навоварӣ, танзим ва масъулияти иҷтимоии бизнес буд. Иштирокчиён ба чунин натиҷа расиданд, ки навоварӣ метавонад яке аз муҳаррикҳои рушди иқтисод бошад, вале таъсири он бояд ҳам аз рӯйи натиҷаи иқтисодӣ ва ҳам аз рӯйи саҳм дар ҳифзи саломатии аҳолӣ арзёбӣ шавад. Дар баробари ин, коршиносон аҳаммияти иттилои илмӣ, танзими равшан ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар шароити ворид шудани технология ва маҳсулоти нав таъкид карданд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ