Ноҳияи Шоҳмансур нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро кард
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намуд.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иҷрои пурраи нақша натиҷаи татбиқи саривақтии чораҳои зарурӣ ва фаъолияти сохторҳои масъули ноҳия дар самти баргузории маъракаи даъват мебошад.
Таъкид шудааст, ки пеш аз муҳлат анҷом ёфтани нақшаи даъвати тирамоҳӣ аз иштироки фаъоли ҷавонони ноҳия дар иҷрои уҳдадории шаҳрвандӣ ва омодагии онҳо ба хизмати ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди солҳои таваллуди 1999–2008, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, моҳҳои октябр–ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Маъракаи даъвати ҳатмии муҳлатнок дар Тоҷикистон соле ду маротиба — аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ