Баъди Бохтар Левакант ҳам нақшаи пахтаро иҷро кард

Пахтакорони шаҳри Левакант бо ҷамъоварии беш аз 2400 тонна пахта нақшаи пешбинишударо зиёда аз 100 дарсад иҷро карданд. Левакант баъди шаҳри Бохтар дуюмин минтақаи пахтакори вилояти Хатлон аст, ки аз иҷрои пурраи нақша хабар медиҳад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба Pressa.tj хабар доданд, нақшаи ҷамъоварии пахта ҳанӯз 5 октябр пурра иҷро шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар майдонҳо ҳанӯз ҳосил боқӣ мондааст ва ҷамъоварии он бо ҷалби пахтакорон муташаккилона идома дорад. Интизор меравад, ки ҳаҷми умумии пахтаи ҷамъоваришуда аз нишондиҳандаи нақшавӣ бештар гардад.

Шаҳри Левакант солҳои охир аз минтақаҳое ба шумор меравад, ки нақшаи ҷамъоварӣ ва супоридани пахтаро дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро мекунад.

Феълан дар миёни 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон шаҳрҳои Бохтар ва Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро кардаанд.

Ҳамзамон, ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритус, Вахш, Данғара, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ аз пешсафони маъракаи ҷамъоварии пахта ба шумор рафта, аз 40 то 50 дарсади нақшаи худро иҷро кардаанд.

Маъракаи ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *