Аз энергетика то зеҳни сунъӣ. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҳамоиши Аваза

8 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Авазаи Туркманистон иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар ин ҳамоиш як қатор пешниҳодҳоро дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи муҳити зист ба миён гузошт.

Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуда, Туркманистонро бо раёсати Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик кард.

Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ имкониятҳои зиёд доранд. Ба гуфтаи ӯ, захираҳои минтақа барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва рушди коркарди маҳсулот заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зарурати истифодаи васеътари технологияҳои рақамӣ ва «сабз», рушди навоварӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар саноатро муҳим арзёбӣ кард.

Ӯ пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории энергетикӣ рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикии минтақа таҳия шуда, механизмҳои маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ гарданд.

Дар ин замина, Сарвари давлат аҳамияти таҳия ва татбиқи тарҳи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо назардошти талаботи кишварҳои минтақа таъкид кард.

Пешниҳоди дигари Тоҷикистон таҳияи Стратегияи минтақавии гузариши «сабз» бо таваҷҷуҳ ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи неру буд.

Дар бахши нақлиёт Эмомалӣ Раҳмон ба рушди масирҳои омехтае, ки Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, таваҷҷуҳ карда, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, соддасозии расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонии онҳоро зарур донист.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон аз ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуда, изҳор дошт, ки фаъолияти он метавонад имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суръат бахшад.

Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои об ва хокборишот низ аз мавзӯъҳои суханронии Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ӯ густариши ҳамкории кишварҳои минтақаро барои муқовимат ба ин мушкилот муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳ намуд.

Дар анҷом Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон омода аст ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *