Вайрон кардани қолабҳо. Чӣ гуна «Амонатбонк» хавфҳои молиявиро маҳв мекунад?

Муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар солҳои охир масъалаи таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои хусусӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифтааст. Ин раванд ба зарурати татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ вобаста буда, ба фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои рушди устувори кишвар равона гардидааст. Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад ба самаранокии фаъолияти сохторҳои идоракунӣ ва молиявӣ халал ворид намояд. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти тамоми институтҳои ҷомеа, аз ҷумла бахши молиявию бонкӣ мебошад.

Дар шароити рушди босуръати иқтисодиёт, тавсеаи муносибатҳои бозорӣ, афзоиши ҳаҷми амалиёти молиявӣ ва ҷорӣ гардидани технологияҳои муосир дар низоми хизматрасониҳои молиявӣ, масъалаи таъмини шаффофият ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ аҳаммияти хоса касб менамояд. Бо дарназардошти ин омилҳо, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсати давлатӣ самтҳои асосии фаъолияти Амонатбонкро дар самти пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани омилу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда муайян менамояд. Татбиқи пайвастаи талаботи стратегия дар фаъолияти Амонатбонк ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии кормандон, таъмини шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва ташаккули низоми самараноки идоракунӣ мусоидат хоҳад кард.

Амонатбонк ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини гардиши маблағҳои пулӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳо, маблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ нақши назаррас дорад. Самаранокии фаъолияти Амонатбонк ба устувории молиявии муассиса, эътимоди мизоҷон ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ таъсири муҳим мерасонад. Ҳамзамон, хусусияти фаъолияти бонкӣ, ки бо идоракунии захираҳои молиявӣ, қабули қарорҳои қарзӣ, хизматрасонии мизоҷон ва анҷом додани амалиёти гуногуни молиявӣ алоқаманд аст, зарурати пешгирии хавфҳои коррупсиониро ба миён меорад. Аз ҷумла, истифодаи нодурусти ваколатҳои хизматӣ, бархӯрди манфиатҳо, сӯйистифода аз мақоми хизматӣ, риоя накардани талаботи шаффофият ва вайрон намудани меъёрҳои ахлоқи касбӣ метавонанд ба самаранокии фаъолияти Амонатбонк, эътимоди мизоҷон ва обрӯйи он таъсири манфӣ расонанд.

Дар шароити муосири рушди низоми молиявӣ таҳкими механизмҳои самараноки муқовимат ба коррупсия дар фаъолияти Амонатбонк яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, такмили низоми назорати дохилӣ, таҳкими механизмҳои идоракунии хавфҳо, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва автоматизатсияи равандҳои бонкӣ метавонанд дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ нақши муҳим дошта бошанд. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, касбият ва масъулияти кормандон, инчунин ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ барои таъмини фаъолияти шаффофу масъулиятноки муассиса аҳаммияти хоса дорад.

Таъмини шаффофият дар қабули қарорҳо, тақвияти ҳисоботдиҳӣ ва риояи қатъии талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба коҳиш додани эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Татбиқи пайвастаи чунин чораҳо метавонад ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ба Амонатбонк, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва таҳкими мавқеи бонк дар низоми молиявии кишвар мусоидат намояд. Дар маҷмуъ, ташаккули муҳити шаффофу масъулиятноки идоракунӣ дар Амонатбонк барои таъмини устувории фаъолияти он ва рушди минбаъдаи низоми хизматрасониҳои молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Механизмҳои асосии татбиқи стратегия дар фаъолияти бонкӣ

  1. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ

    Яке аз механизмҳои муҳими татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия таҳкими заминаи ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия барои ташкилотҳои қарзӣ уҳдадориҳои мушаххас муқаррар намудааст. Аз ҷумла, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд нақшаҳои дохилии чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таҳия ва татбиқ намуда, иҷрои талаботи Нақшаи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таъмин намоянд.

    2. Ҷорӣ намудани низоми самараноки назорати дохилӣ

    Назорати дохилӣ яке аз воситаҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар ташкилотҳои қарзӣ сохторҳои комплаенс-назорат ва аудити дохилӣ фаъолият намуда, риояи талаботи қонунгузорӣ, санадҳои дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқии касбиро назорат мекунанд. Фаъолияти самараноки ин сохторҳо имкон медиҳад, ки хавфҳои коррупсионӣ сари вақт муайян гардида, чораҳои пешгирикунанда андешида шаванд.

    3. Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ

    Дар шароити муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири мубориза бар зидди коррупсия арзёбӣ мегардад. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои онлайн, бонкдории мобилӣ, пардохтҳои электронӣ ва низомҳои автоматикунонидашуда зарурати тамоси мустақими байни корманд ва муштариро коҳиш медиҳад. Ин раванд сатҳи шаффофиятро баланд бардошта, имконияти сӯйистифода аз ваколатҳои хизматиро маҳдуд менамояд.

    4. Баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ

    Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар байни кормандони ташкилотҳои қарзӣ яке аз шартҳои муҳими татбиқи Стратегия мебошад. Бо ин мақсад гузаронидани семинарҳо, тренингҳо, курсҳои такмили ихтисос ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ аҳаммияти калон дорад. Баланд гардидани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва масъулияти касбӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.

    5. Таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ

    Шаффофият дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ яке аз омилҳои асосии коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ мебошад. Нашри мунтазами ҳисоботҳои молиявӣ, дастрас намудани маълумот оид ба фаъолияти бонкҳо ва риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ ба таҳкими эътимоди ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти ташкилотҳои қарзӣ мусоидат мекунад.

    6. Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ

    Ташкилотҳои қарзӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамкории фаъол ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ нақши муҳим мебозад. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими қонуният ва интизоми молиявӣ мусоидат менамояд.

    7. Мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмил

    Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳанӯз ҳам баъзе мушкилот боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, нокифоя будани сатҳи огоҳии ҳуқуқии қисми алоҳидаи кормандон, таъсири омили инсонӣ дар қабули қарорҳо, инчунин зарурати такмили воситаҳои рақамии назорат ва мониторинг аз қабили чунин мушкилот мебошанд.

    Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи Стратегия зарур аст:

    • густариш додани истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти бонкӣ;
    • таҳким додани низоми комплаенс-назорат ва аудити дохилӣ;
    • ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунии хавфҳои коррупсионӣ;
    • такмил додани барномаҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон;
    • баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.

    Татбиқи самараноки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ омили муҳими таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалисозии пайгиронаи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, технологӣ ва маърифатӣ метавонад ба коҳиш ёфтани хавфҳои коррупсионӣ, таҳкими қонуният, баланд гардидани шаффофият ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба низоми бонкӣ мусоидат намояд. Дар натиҷа, муҳити солим ва рақобатпазири молиявӣ ташаккул ёфта, замина барои рушди устувори иқтисоди миллӣ фароҳам мегардад.

    ХУДОЁРЗОДА ХУДОЁР БАХТИЁР,

    муовини якуми Раиси КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

    Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
    Моро пайгири намоед
    Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

    Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


    Шарҳ

    Назари дигар доред? Нависед!

    Leave a Reply

    Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *