Энн Карсон барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт – 2026
Шоир, нависанда, эссенавис ва тарҷумони канадагӣ Энн Карсон барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт барои соли 2026 эълон гардид. Академияи Шветсия ӯро барои эҷодиёти навоваронааш, ки анъанаҳои адабиёти классикиро бо шаклҳои нави адабиёти муосир пайванд медиҳад, сазовори ин ҷоиза донист.
Эълони барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт рӯзи 8 октябр дар Стокҳолм сурат гирифт. Ҳаҷми маблағи ҷоиза имсол 12 миллион крони шветсиягӣ, муодили тақрибан 1,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Академияи Шветсия ҳангоми муаррифии баранда эҷодиёти Энн Карсонро барои ҷасорат ва навоварӣ дар шакли адабӣ ва гуфтугӯи эҷодкоронааш бо анъанаҳои классикӣ ситоиш кардааст. Ба таъбири Кумитаи Нобел, ӯ бо чунин равиш барои адабиёти муосир шаклҳои нав офаридааст.
Энн Карсон соли 1950 дар Канада таваллуд шудааст. Ӯ на танҳо шоиру нависанда, балки донишманди адабиёти классикии Юнон ва Руми бостон ва тарҷумони осори классикӣ мебошад. Дар эҷодиёти ӯ шеър, наср, эссе, драматургия ва тарҷума бо ҳам омезиш меёбанд.
Карсон махсусан бо бозхонии навини мифология ва адабиёти Юнони қадим маъруф аст. Ӯ қаҳрамонҳо ва сюжетҳои қадимиро ба ҷаҳони муосир оварда, масъалаҳои ишқ, ҳувият, хотира, талафот ва муносибатҳои инсонро ба таври таҷрибавӣ баррасӣ мекунад.

Аз маъруфтарин осори ӯ «Autobiography of Red» («Тарҷумаи ҳоли Сурх», 1998) романи манзумест, ки достони Герён аз мифологияи Юнонро ба ривояти муосир табдил медиҳад ва яке аз асарҳои шинохтаи Карсон ба ҳисоб меравад.
Ӯ ҳамчунин осори Сафо, Софокл ва Еврипид барин муаллифони Юнони қадимро тарҷума кардааст. Омезиши донишҳои амиқи филологӣ бо озмоишҳои адабӣ яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи эҷодиёти Карсон дониста мешавад.
Ҷоизаи Нобели адабиёт аз соли 1901 инҷониб тибқи васияти Алфред Нобел ба адибе дода мешавад, ки дар соҳаи адабиёт асари барҷаста офаридааст. То соли 2025 ин ҷоиза 118 маротиба ба 122 нафар супурда шудааст.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то имрӯз ягон адиб барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт нашудааст. Аммо номи нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов ва нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров борҳо дар робита ба ин ҷоиза матраҳ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ