Даври чоруми қабули довталабон аз 2 ноябр оғоз мешавад
Аз 2 то 20 ноябри соли 2026 давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мешавад. Ин давр танҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар шаклҳои ғоибона ва фосилавӣ ва дар доираи ҷойҳои холимонда пешбинӣ шудааст.
Тибқи Тақвими имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2026, даъватномаҳои довталабони дар давраи чорум номнависшуда аз 25 то 28 ноябр дастрас мешаванд. Имтиҳони қисми А – барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ – 29 ноябр дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус рӯзҳои 27-28 ноябр пешбинӣ шудаанд.
Натиҷаҳои имтиҳонҳои даври чорум 3 декабр эълон шуда, натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ 5 декабр маълум мегардад. Довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ комёб намешаванд, метавонанд рӯзҳои 7–8 декабр барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз нав сабти ном кунанд. Натиҷаи ин тақсимот 10 декабр эълон мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ