Ҷойи аввал насиби ноҳияи Ҷаббор Расулов шуд
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода натиҷаҳои даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 9 октябри соли 2026 дар вилоят 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,4 фоизи нақшаи истеҳсолӣ баробар мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 119 ҳазор тоннаро ташкил дода, то 9 октябр 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,4 фоизи нақша баробар мебошад. Танҳо дар як рӯзи корӣ 1904,4 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, иҷрои рӯзона 1,6 фоизро ташкил додааст.
Дар натиҷаи ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойи аввал ва ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон, миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ғолиб дониста шуд.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз нақшаи 11 ҳазору 330 тонна то ин давра 5412 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, иҷрои нақша 47,8 фоизро ташкил додааст. Дар ноҳияи Спитамен бошад, аз нақшаи 13 ҳазору 70 тонна 5740 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, иҷрои он ба 43,9 фоиз баробар шудааст.
Дар байни дигар шаҳру ноҳияҳо низ натиҷаҳои ҷамъоварии пахта гуногун буда, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ 10 ҳазору 607 тонна, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4581 тонна, шаҳри Конибодом 3944 тонна, ноҳияи Зафаробод 6608 тонна ва ноҳияи Ашт 2884 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Мусобиқаи меҳнатӣ ба баланд бардоштани ҳавасмандии пахтакорон, тақвияти суръати ҷамъоварии ҳосил ва таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ равона гардида, натиҷаҳои он барои ҷалби бештари хоҷагиҳои пахтакор ба корҳои саҳроӣ замина мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ