Хонандагони Тоҷикистон як ҳафта ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 7 ноябр аз дарсҳо озод мешаванд.
Ҳамчунин, 8 ноябр, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи истироҳат аст.
Тавре ки Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, дар мактабҳо 31 октябр натиҷаҳои чоряки аввали соли таҳсил ҷамъбаст мешаванд ва баъдан таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад.
Ҳамзамон, дар ин давра даври аввали олимпиадаҳои байнимактабӣ оғоз мешавад.
Муҳлати таътилҳои дигар низ дар соли таҳсили 2026–2027 бетағйир мемонад. Таътили зимистона аз 1 то 7 январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29 март идома хоҳад кард.
Қаблан хонандагони мактабҳои кишвар дар рӯзҳои таътил 10 рӯз истироҳат мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ