Дар байни “Роғун”-у “Норак” нерӯгоҳи нав сохта мешавад
Дар дарёи Вахш, дар фосилаи байни нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Норак» сохтмони НБО-и нави «Хуталон» ба нақша гирифта шудааст. Арзиши пешакии тарҳ 2 миллиарду 247 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 4-уми октябр аз мавзеъе боздид кардааст, ки барои бунёди нерӯгоҳи нав пешбинӣ шудааст. Ба иттилои вазорат, ӯ бо қитъаҳои сохтмони сарбанд, толори мошинҳо ва дигар иншооти асосии нерӯгоҳ шинос шудааст.
Тибқи арзёбии пешакии техникӣ ва иқтисодӣ, иқтидори лоиҳавии НБО-и «Хуталон» 800 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Дар нерӯгоҳ насби 6 гидроагрегат пешбинӣ шуда, истеҳсоли миёнаи солонаи барқ зиёда аз 2,5 миллиард киловатт-соат хоҳад буд. Вазорат ин нишондиҳандаро 2,684 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ кардааст.
Баландии сарбанди нерӯгоҳ 76 метр ва паҳнои он 234 метр пешбинӣ шудааст. Толори мошинҳо 225 метр дарозӣ, 45 метр паҳноӣ ва 60 метр баландӣ хоҳад дошт. Ҳаҷми муфиди обанбор 4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, сохтмони НБО-и «Хуталон» 72 моҳ идома хоҳад кард.
Ин тарҳ як қисми силсилаи нерӯгоҳҳое ба шумор меравад, ки бунёди онҳо дар дарёи Вахш пешбинӣ шудааст. Ҷойгиршавии «Хуталон» байни ду нерӯгоҳи бузурги «Роғун» ва «Норак» имкон медиҳад, ки захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш боз ҳам бештар истифода шаванд.
Дар сурати амалӣ шудани лоиҳа, НБО-и «Хуталон» метавонад дар афзоиши иқтидори истеҳсоли барқ ва тақвияти низоми энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ