Лутфи Махсум Олимӣ

Чаҳорчӯбаи назм

Бо шоир Махсум Олимӣ дар шаҳри Хоруғ вохӯрӣ доир шуд. Нафаре ба ӯ савол дод, ки «чаро адибони Бадахшон ҳамагӣ шоиранду байнашон нависанда нест?».

Махсум фаврӣ ҷавоб медиҳад:

– Барои адибони бадахшонӣ ҳанўз чаҳорчӯбаи назм тангӣ накардааст.

Ҳозирҷавобӣ

Шоир Махсум Олимӣ дар айёми «минтақаи ҳушёрӣ» будани Бадахшон ба Хоруғ омад. Устод Ширин Бунёд ӯро ба хонааш ба меҳмонӣ хост. Азбаски Махсум дар Рӯшон бо мардум вохӯрӣ дошт, Ширин аз ӯ хоҳиш кард, ки пас аз маҳфили адабӣ дар Рӯшон арақҳои ба ӯ медодаи Сардор Раҳдорро бо худ ба хона биёрад.

Чун Махсум ба хонаи Ширин омад, сахт кайф дошт, аммо дар дасташ ягон бутал арақ набуд. Устод пурсид:

– Наход Сардор арақ нафиристода бошад?

Махсум ҷавоб дод:

– Фиристод.

– Пас куҷо шуданд?

– Хӯрдам,- ва чун ҳис кард, ки ба хотири соҳибхона аз ин гап гарди озор нишаст, филҳол афзуд.- Дар тамоми ҷумҳурӣ овоза кардаанд, ки шумо одами боақлед, устод. Афсӯс, ин овозаҳо нодуруст будаанд.

– Барои чӣ?,- пурсид Ширин бо ҳайрат.

– Наход одами боақл арақ барин чизи нозанинро ба Махсум Олимӣ бовар кунад? Ин баробари он аст, ки чӯпон гӯсфандро ба гург супорад.

Дили устод Ширин аз ин ҳозирљавобии Махсум фараҳ ёфт.

Махсумзода

Шоир Махсум Олимӣ дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Варзи Манор ба хонаи яке аз дӯстонаш даъват мегардад. Баъди анҷом додани корҳои хусусияш нисфирӯзӣ ба хонаи дӯсташ раҳсипор мешавад. Ҳангоми ба хона ворид шудан меҳмони зиёд, ки омаданашро интизор буданд, ҳама аз ҷой мехезанд. Чун Махсум махсумзода буд, яъне падарашон Бобои Махсум (Шоҳсолеҳ) буданд, каме лутф карда чунин мегӯяд:

Барои махсумон бояд бихезем,

Ба махсумзодагон нимхез кофист.

Аз ин ҳама ба ваҷд омада, кафкӯбиро оғоз мекунанд.

Байте барои ҳамсар

Баъди якчанд муддат шоири шаҳид Махсум Олимӣ, ки фориғ аз кору пайкор шуд, ниҳоят ба хулосае омад ва барои ба деҳа рафтан омодагӣ гирифт. Зеро, чанд рӯз пеш аз ин дар мактуби ба хона равонкардааш навишта буд, ки баъди ду рӯз меояд. Он рӯзи ваъда фаро расиду шоир роҳи деҳаро пеш гирифт.

Чун дӯстдори кӯҳистон ва дилдодаи обу ҳавои он буд, бисёр ошиқонаву шоирона қадам монда, аз дарвозаи хонааш ворид шуд ва ҳамсарашро дар курсие нишаста дид, ки чашминтизори ӯ буд. Аз ин ба шӯр омада, ба ҳамсараш чунин гуфт:

Қадаҳ аз мулки Чин дорам,

Зани усталнишин дорам.

Дидорбинӣ

Рӯзе Махсум Олимӣ раҳораҳ бо фикру хаёлоти шоирона шеър хонда, шодӣ карда ва аз ин ҳама дунёи хештан болида ба хонаи Муҳаммадзамон ба дидорбинӣ меояд ва ҳангоми ворид шудан ба дарвоза ногоҳ назараш ба духтари эшон меафтад, ки дар болои дарахт ба себчинӣ машғул буд ва аз хунукӣ каму беш панҷаҳои дастонашро ҷамъ карда, бо ҳавли даҳонаш онҳоро гарм мекард. Ин ҳолатро шоир дида ба ваҷд меояд ва бадеҳатан мегӯяд:

Барно дар сари дарахт,

Дасту пояш шуд карахт.

Инро аҳли хонаводаи эшон шунида, офарингӯён механданд.

Ато МИРХОҶА,

адиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *