Вабо дар Русия. Тоҷикистон назорати беҳдоштиро пурзӯр кард
Дар пайи паҳн шудани хабарҳо дар бораи эҳтимоли гирифторӣ ба тоун дар вилояти Иркутски Русия, Тоҷикистон назорати беҳдоштию карантиниро дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пурзӯр кардааст. Мақомоти кишвар мегӯянд, ки тадбирҳо хусусияти пешгирикунанда доранд ва то ҳол мавриди тасдиқшудаи воридшавии ин беморӣ ба Тоҷикистон эълон нашудааст.
Сарҳад зери назорат аст
Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Pressa.tj гуфтаанд, ки ҳамаи шахсони аз сарҳад воридшаванда аз санҷиши ҳарорати бадан мегузаранд.
Кормандони нуқтаҳои беҳдоштию карантинӣ ҳамчунин аз мусофирон мепурсанд, ки оё нишонаҳое чун дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, сустӣ, дарди мушакҳо ва буғумҳо доранд ё не. Ба кормандони ин нуқтаҳо тавсия шудааст, ки ҳангоми кор аз либосҳои муҳофизатии яккарата истифода баранд.
Дар сурати ошкор шудани шахси гумонбар ба бемории махсусан хавфнок ё дигар бемории сироятӣ, кормандон бояд фавран роҳбариятро огоҳ намуда, тадбирҳои зарурии тиббиро роҳандозӣ кунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳрвандоне, ки аз Русия бармегарданд, даъват мекунад, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорат ё пайдо шудани дигар нишонаҳои беморӣ ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кунанд.
Дар Русия вазъ чӣ гуна аст?
Овозаҳо дар бораи эҳтимоли хуруҷи тоун дар Русия баъд аз марги як корманди 28-солаи Пажӯҳишгоҳи зиддитоуни Иркутск пайдо шуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо иддао шуд, ки гӯё ӯ ҳангоми кор дар озмоишгоҳ бо маводи дорои ангезандаи тоун тамос гирифтааст. Аммо «Роспотребнадзор» ин фарзияро тасдиқ накард. Тибқи иттилои расмии ниҳод, ташхиси марҳилаи аввал «пневмонияи этиологияаш номуайян» будааст ва дар намунаҳои гирифташуда микроорганизмҳое, ки ба фаъолияти касбии ӯ вобаста бошанд, ошкор нашудаанд. Комиссияи махсус низ ҳангоми кор бо микроорганизмҳои патогенӣ ягон ҳолати фавқулода ё вайроншавии талаботи амнияти биологиро муайян накардааст.
Бо вуҷуди ин, мақомоти Русия бо назардошти ҷойи кори фавтида доираи васеи шахсони дар тамос бударо таҳти назорати тиббӣ қарор доданд. Онҳо ҳар рӯз аз ташхиси лабораторӣ гузаронида шуданд. Дар миёни шахсони таҳти назорат ду ҳолати COVID-19 ва ду ҳолати сирояти риновирусӣ муайян гардид, аммо ангезандаи дигар бемориҳои хавфнок ошкор нашуд.
То 5-уми октябр «Роспотребнадзор» хабар дод, ки назорати тиббӣ нисбат ба тақрибан 60 дарсади шахсони дар тамос буда анҷом ёфтааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Иркутск ва Шелехов ором буда, сатҳи бемориҳои сироятии мавсимӣ ҳатто 12,6 дарсад поинтар аз ҳадди эпидемӣ қарор дорад.
Тоун чӣ беморист?
Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ назорати беҳдоштию карантиниро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ пурзӯр кардаанд.
Тоун ё чума бемории сироятии махсусан хавфнок аст, ки ангезандаи он бактерияи Yersinia pestis мебошад. Он метавонад тавассути кайки хояндагони сироятшуда ва дар шакли шушӣ аз одам ба одам паҳн шавад. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ташхиси барвақт ва оғози саривақтии табобат бо антибиотикҳо аҳаммияти ҳалкунанда дорад.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ