Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани технологияи CBS омода мешавад
Рӯзи 25-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе доир ба омодагии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани технологияи Cell Broadcast семинаре баргузор шудааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, семинар дар мавзуи «Баррасии омодагии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани технологияи Cell Broadcast System (CBS) бо ташаббуси Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ҷаҳонии низоми алоқаи мобилӣ сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, технологияи Cell Broadcast имкон медиҳад, ки ҳангоми таҳдид ё рух додани офати табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода паёми огоҳкунанда тавассути шабакаҳои мобилӣ ҳамзамон ба телефонҳои сокинон ва дигар шахсони ҳозир дар минтақаи муайян расонида шавад. Бо ин роҳ аҳолии минтақаи зери хатар метавонанд сари вақт аз таҳдид ва чораҳои зарурии эҳтиётӣ огоҳ гарданд.
“Иштирокдорон натиҷаҳои арзёбии омодагии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани ин низомро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои техникии шабакаҳои мобилӣ, омодагии ниҳодҳои масъул ва тарзи ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо операторони мобилӣ ҳангоми паҳн кардани огоҳиҳо равона шуд”,-гуфтааст манбаъ.
Хадамоти алоқа таъкид намудааст, дар ин ҳамоиш ҷонибҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва қадамҳои заруриро барои ҷорӣ намудани CBS дар Тоҷикистон муайян карда, таъкид намуданд, ки истифодаи ин технология метавонад низоми огоҳсозии барвақтро тақвият бахшад ва ба ҳифзи аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода мусоидат кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ