Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии сатҳи забони англисӣ дар ҷойи 110-ум қарор гирифт
Тоҷикистон дар як раддабандии ҷаҳонии кишварҳо аз рӯйи сатҳи донистани забони англисӣ бо ба даст овардани 405 хол миёни 117 кишвар дар ҷойи 110-ум қарор гирифтааст.
Ин шохиси ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони байналмилалии таълимии “EF Education First” бар асоси натиҷаи санҷиши 2,3 миллион нафар калонсолон таҳия шудааст.
Дар раддабандие, ки нашр шудааст, дар ҷойи 110-ум қарор гирифтани Тоҷикистон пасттарин натиҷа миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ аст. Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта чор хол камтар ба даст овардааст.

Тибқи натиҷаҳои ин шохиси ҷаҳонӣ Туркманистон бо 476 хол дар ҷойи 71-ум, Қирғизистон дар ҷойи 90 (445 хол), Қазоқистон дар ҷойи 99 (424 хол) ва Ӯзбекистон бо дарёфти 421 хол дар ҷойи 101-ум қарор гирифтаанд.
Шветсия бо дарёфти 615 хол зинаи аввал, Австрия бо 613 хол ҷойи дуюм ва Дания бо касби 612 хол дар мавқеи сеюм қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ